Июн 28, 2020 12:29 Asia/Dushanbe
  • Қарзи бебаҳраи Фонди байналмиллалии пул ба Тоҷикистон

Сандуқи байналмиллалии пул барои ҷуброни хасоратҳои корона ба иқтисоди Тоҷикистон маблағи 189 миллиону 500 ҳазор доллар қарзи бебаҳра ихтисос додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Файзиддин Қаҳҳорзода- вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти ахири парлумони Тоҷикистон эълом кардааст: Муддати бозпардохти ин маблағ 10 сол мебошад, ки панҷ соли нахусти он низ дорои имтиёз аст.

Вай таъкид кардааст, ки Шурои мудирони Фонди байналмиллалӣ пас аз ҳашт сол барои бори нахуст ба далели густариши вируси корона бо ихтисоси ин маблағ ба Тоҷикистон мувофиқат кард.

Ба гуфтаи Қаҳҳорзода густариши вируси корона дар Тоҷикистон муҷиби таътилии марокизи тавлидӣ ва тиҷорӣ, хизматрасонӣ, гардишгарӣ ва сармоягузорӣ дар тарҳҳои зербинои ин кишвар шудааст, ки бо кумаки ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ва минтақаӣ акнун талош мешавад хасоратҳои воридшуда ба ин бахшҳо ҷуброн гардад.

Барчасп