Июн 28, 2020 21:22 Asia/Dushanbe
  • Гуруснанишинии 24 тоҷик дар зиндоне дар Русия

24 зиндонии тоҷик, ки маҳкумияти онон ба поён расида ва наметавонанд аз Русия хориҷ шаванд, дар яке аз боздоштгоҳҳои Ҷумҳурии худмухтори Мордовия даст ба гуруснанишинӣ задаанд.

Ба нақл аз Фарғона, муддати маҳкумияти ин 24 тоҷик ҳанӯз дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба поён расида ва ба далели қатъи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон, дар паи густариши коронавирус, мақомоти интизомӣ онҳоро дубора ба боздоштгоҳ фиристодаанд.

Яке аз маҳбусон, Илҳомҷон Зарифов гуфтааст:

"Эътирози мо аз он аст, ки мақомоти Русия ва Тоҷикистон ба вазъи мо таваҷҷӯҳ намекунанд. Шароит дар ин ҷо мисли маҳбас аст". 

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки аз вазъи ин афрод иттилоъ дорад ва бояд барои фароҳам шудани шароити хориҷ кардани онҳо мунтазир монд.

 

Барчасп