Бозсозии якчанд нақшаи умронӣ дар ноҳияи Исфара
Июн 29, 2020 16:10 Asia/Dushanbe
Якчанд лоиҳаҳои умронӣ дар ноҳияи Исфара бозсозӣ шуд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садоии Хуросон , бозсозии як даҳанаи пулу сохти хонаи фарҳанги ноҳия аз ҷумлаи ин тарҳҳо аст .
Қарор аст аз ин тарҳҳо дар маросими солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон баҳрабардорӣ шавад .
Хонаводаи Саидамин ҳазинаи бозсозии пулро пардохт карданд ва барои таъмири он чор моҳ сарф шуд. Ҳамчунин Муродҷон Козимов яке дигар аз сокинони ин ноҳия низ як хонаи фарҳангӣ сохт .