Июн 30, 2020 09:55 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон дар ин сафар бузургтарин хонаи фарҳанги кишвар бо зарфияти 1000 нафар ва толори варзиши 10 ҳазорнафарӣ дар минтақаи Мастчоҳро ифтитоҳ мекунад.

Барои иҷрои ин ду тарҳ ҳудуди 41 миллион сомонӣ ҳазина шудааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон маркази ташхис ва дармони Ваҳдат дар шаҳраки Хестиварз дар минтақаи  Бобоҷон Ғафуровро ҳам ифтитоҳ хоҳад кард.

Ин маркази дармонӣ бо кумаки молии шаҳрвандони минтақа сохта шудааст.