Ифтитоҳи маҷмааи хидматрасонии Гулистон дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷтамаи хидматрасонии Гулистони деҳаи Хистеварзи минтақаи Бобоҷон Ғаффуровро ифтитоҳ кард.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ин муҷтамаи хидматрасонӣ бо талоши сокинони маҳаллӣ ба ифтихори сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар чаҳор табақа сохта шудааст.
Дар ин муҷтамаъ, хадамоти бонкии мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ ироа мешавад, ҳамчунин ду ресторан бо зарфияти сад нафар барои баргузории ҷашнҳои мухталиф ва сохтмони нави меҳмонхона пешбинӣ шудааст.
Дар муҷтамаи Гулистон 25 нафар аз сокинони маҳаллӣ машғул ба кор шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим гуфт: Ин гуна иқдомоти корофаринон сабаби пешрафти кишвар мешавад, ки шоиста аст аз онҳо қадрдонӣ шавад.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сафари худ ҷаласае ҳам бо фарзандони хонаводаҳои фақир ва бесарпараст баргузор кард ва ба 50 нафар аз онҳо ҳадя дод.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа гуфт: Яке аз фаъолиятҳои иҷтимоии давлати Тоҷикистон пуштибонӣ аз хонаводаҳои камдаромади ҷомеа аст.
Роҳбари давлат кӯдакон ва наврасонро даъват кард, ки бештар хонанд, дониш гиранд ва касб омӯзанд, то тавонанд зиндагиашонро дар оянда идора кунанд.