Коҳиши бахши даромадии бюджети ҳукумати Тоҷикистон ба далели вируси корона
(last modified Tue, 30 Jun 2020 16:39:42 GMT )
Июн 30, 2020 21:39 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши бахши даромадии бюджети ҳукумати Тоҷикистон ба далели вируси корона

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон нақшаи ҳукумати ин кишвар барои коҳиши бахши даромадии бюджети соли 2020 ба далели вируси коронаро тасвиб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти порлумони ин кишвар гуфт: Касри бюджети ҳукумат ба далели афзоиши ҳазинаҳои вируси корона дар соли ҷорӣ ба ҳудуди се миллиарду 100 миллион сомонӣ хоҳад расид.

Аз ин ру дар соли ҷорӣ илова бар ҳазинаи бахшҳои иҷтимоӣ, манобеи молии сандуқи бознишастагӣ ва ҳуқуқу дастмуздҳои кормандон ба маблағи як миллиарду 822 сомонӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Ин дар ҳоле аст, ки бахши даромадии бюджети ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2020 ба мизони 20 миллиарду 349 миллион сомонӣ таъин шуда буд.

Ҳамчунин коҳиши маблағгузорӣ барои нақшаҳои зербиноӣ ба мизони 977 миллион сомонӣ ва бюджети созмонҳои давлатӣ ба мизони 81 миллион сомонӣ дар назар мебошад.

Аммо барои ҳимоят аз кодри дармонии Тоҷикистон дар мубориза бо вируси корона ва идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли ҷорӣ илова манобеи қаблии таъин шуда дар бюджети ҳукумати Тоҷикистон як миллиарду 900 миллион сомонӣ ихтисос хоҳад ёфт.