Июл 01, 2020 10:31 Asia/Dushanbe
  • Бозгардонидани 642 тоҷикистонии бандмонда дар Русия бар асари корона

642 шаҳрванди Тоҷикистон тайи муддати 25 то 30 июни соли равон бо парвозҳои чартер аз Русия ба ватани худ бозгаштанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хутути ҳавоии Тоҷик Эйр ва Сомон Эйр бо тавофуқ бо тарафи русӣ парвозҳои чартерро барои баргардонидани ҳамватанони хеш анҷом медиҳанд.

Бар ин асос дар таърихи 25 июн, 230 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маскав ба Тоҷикистон оварда шуданд ва дар таърихи 28 июн низ 228 шаҳрванд аз шаҳри Қазон баргаштанд.

Ҳамчунин дар 30 июн 184 шаҳрванд аз шаҳри Новорсибирски Русия ба Тоҷикистон расиданд.

Бар асоси эъломи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон шаҳрвандони осебпазир -занони дорои фарзанд, беморон ва афроди солхурда-, ки ба далели қатъи парвозҳои байналмиллалӣ дар Русия бар асари корона банд мондаанд дар авлавияти бозгашт ба Тоҷикистон қарор доранд.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки аз 25 июн Тоҷикистон ҳашт парвози чартер барои бозгардонидани шаҳрвандони худ аз Русия анҷом хоҳад дод.

 

Барчасп