Шиносоии 54 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55014-Шиносоии_54_мавриди_нави_КОВИД_19_дар_Тоҷикистон
Дар 24 соати гузашта 54 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба сабт расидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 01, 2020 06:44 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 54 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон

Дар 24 соати гузашта 54 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба сабт расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи иттилоърасони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 10 субҳи рӯзи чаҳоршанбе аввали июли 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории КОВИД-19 бидуни афзоиш ҳамон 52 нафари қабл эълом шудааст.

Аз 30 апрел то 30 июн теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар кишвар ба панҷ ҳазору 954 нафар расидааст ва то кунун чаҳор ҳазору 568 нафар (76.7%) аз ин беморӣ дармон шудаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин гузориш додааст, ки 256 нафар дар 24 соати гузашта ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 таҳти назорати пизишкон будаанд ва 62 нафар низ пас аз дармон рухсат ёфтаанд.