Июл 01, 2020 13:07 Asia/Dushanbe
  • Ду мушкили тоҷикон: Набуди ҷойи кор дар дохил ва тахассус барои хориҷ

Устоди донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон ва коршиноси умури муҳоҷират, набуди ҷойи кори муносиб бо маоши кофӣ дар дохил ва надоштани тахассус барои кор дар хориҷро ду мушкили асосии тоҷикон унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Раҳмон Улмасов дар нишасти байналмиллалии вируси корона ва мушкилоти коргарони кишварҳои Осиёи марказӣ, ки аз тариқи видеоконфронс ба ибтикори Маркази пажӯҳишҳои Донишгоҳи давлатии Маскав баргузор гардид, ҳамчунин гуфт: Ҷамъияти Тоҷикистон дар панҷ соли ахир як миллион нафар афзоиш ёфт, ки бо чунин суръат, барномаи иштиғолзоии ҳукумати ин кишвар наметавонад ҳатто як севум аз ҷавононеро, ки вориди бозори кор мешаванд, бо шуғли муносиб ва ҳуқуқи кофӣ таъмин кунад.

Улмасов афзуд: Мушкили дигари насли ҷавони тоҷик ин аст, ки барои кор дар бозори кишварҳои хориҷӣ забони он кишварҳо ва тахассуси мавриди ниёз дар иқтисодро намедонанд аз ин рӯ танҳо кишваре, ки ҳатто дар шароити густариши вируси корона омодагии худро барои пазириши коргарони муҳоҷири тоҷик эълом кард, Русия аст.

Устоди донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон гуфт: Русия солҳои наздик низ мақсади аслии сафари тоҷикон хоҳад монд аз ин рӯ зарурат дорад, ки Тоҷикистон бо тақвияти фаъолияти омӯзишгоҳҳои техникӣ ва ҳирфаии хеш, ҷавононро барои кор дар Русия дар даврони пасокорона омода созад.

 

Барчасп