Кумаки беҳдоштии Барномаи тавсеаи Созмони Милал ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 01 Jul 2020 15:45:42 GMT )
Июл 01, 2020 20:45 Asia/Dushanbe
  • Кумаки беҳдоштии Барномаи тавсеаи Созмони Милал ба Тоҷикистон

Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид бастаҳои беҳдоштӣ ба мақомоти Тоҷикистон таҳвил дод.

Барномаи тавсеаи Милали Муттаҳид (UNDP), ҳашт тон пудри хлор ва мойеи зиддиуфуникунанда ба арзиши 46 ҳазор доллар, аз ҷумлаи кумакҳои ирсолии Созмони Милал ба Тоҷикистон аст.

Ин кумакҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории корона дар байни коркунони пизишкӣ ва беморон, коҳиши хатароти интишори бештари он дар маконҳои умумӣ ва ҳамчунин тақвияти иқдомоти муқобила бо бемории корона ба Тоҷикистон ирсол шуд.

Дар моҳи июн низ Барномаи тавсеаи Созмони Милал таҷҳизоти пешрафтаи иртиботиро дар ихтиёри Вазорати беҳдошти Тоҷикистон қарор дод то масъулони вазоратхона битавонанд тамоми манотиқи кишварро аз роҳи дур назорат кунанд.