Эъломи шеваи пардохти кумакҳо ба хонаводаҳои бебизоати шаҳри Душанбе
Шаҳрдори Душанбе шеваи пардохти кумакҳо ба хонаводаҳои бебизоатро эълом кард.
Ба гузориши вебгоҳи шаҳрдории Душанбе, бар асоси ин иблоғия, ба хонаводаҳои фақири шаҳр ҳар моҳ 100 доллар пардохт хоҳад шуд.
Ин шева бо ҳадафи эҷоди созукор барои таъйин ва пардохти манофеи иҷтимоии ҳадафманд ба ақшори нотавони Тоҷикистон иҷро мешавад.
Муовини шаҳрдори Душанбе, раисони ноҳияҳо, руасои идораҳои дороӣ, вазорати тандурустӣ ва муовинати ҳимояти иҷтимоии дастгоҳи иҷроии шаҳри Душанбе бо ҳамкории идороти марбута, муҷриёни ин қонун ҳастанд.
Дар ин шеванома ҳамчунин қайд шудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз фасод ва итминон аз шаффофият дар раванди шиносоии хонаводаҳо ва шаҳрвандони фақир лозим аст тадобири зарурӣ андешида шавад.