Июл 02, 2020 16:56 Asia/Dushanbe
  • Барқарории парвози вижа аз Олмон ба мақсади Тоҷикистон

Парвози вижа аз Олмон ба мақсади Душанбе барқарор мешавад.

Ба нақл аз Спутник, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Амрико ва Аврупо ҳастанд, метавонанд дар поёни ин ҳафта бо парвози вижаи Олмон ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом карданд, дар ҳоли ҳозир теъдоде аз атбои тоҷик қасд доранд аз кишварҳои аврупоӣ ба Душанбе бозгарданд.

Қарор аст ин парвоз 8 июл бо як ҳавопаймои ширкати "Сомон-Эйр" барқарор шавад.