Гуфтугӯи телефонии вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Швейтсария
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55078-Гуфтугӯи_телефонии_вузарои_хориҷаи_Тоҷикистон_ва_Швейтсария
Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Швейтсария дар гуфтугӯи телефонӣ охирин вазъияти коронаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 03, 2020 15:55 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Швейтсария

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Швейтсария дар гуфтугӯи телефонӣ охирин вазъияти коронаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Инятсио Кассис, вазири умури хориҷаи Швейтсария ба сурати телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гуфтаи бахши иттилоърасонии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин гуфтугӯи телефонӣ вузарои хориҷаи ду кишвар дар бораи мавзӯоти мухталифе, аз ҷумла охирин вазъияти корона дар минтақа ва вазъияти феълии равобити дуҷониба байни ду кишвар табодули назар карданд.

Муҳриддин дар идома, ба аҳамияти иқдомоти давлати ин кишвар барои маҳдуд кардани густариши корона ва кумаки шарикони Тоҷикистон, аз ҷумла давлати Швейтсария дар ғалаба бар паёмадҳои он ишора кард.

Тарафайн муҷаддадан бар тааҳҳуди худ дар муборизаи муштарак бо корона  таъкид карданд ва бар лузуми густариши ҳамкориҳои мутақобил дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона ишора карданд.

Дар идома мақомоти аршади ду кишвар иҷрои тавофуқномаҳои ба дастомада дар сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Швейтсария дар таърихи 5-6 ноябри 2019 - ро баррасӣ карданд.