Июл 03, 2020 20:54 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Раҳмон аз сӯиистифодаи афрод барои фурӯши таҷҳизот дар шароити вируси корона

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз сӯиистифодаи афрод барои фурӯши таҷҳизот дар шароити густариши вируси корона дар вилояти Суғд интиқод кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон да рдидор бо масъулон ва фаъолони вилояти Суғд гуфтааст, ки дар шароити густариши вируси корона дар вилояти Суғд теъдоде аз тоҷирони ин минтақа даст ба ғорат ва гаронфурӯшии таҷҳизот ва лавозими пизишкӣ задаанд, ки дар ин замина аз сӯи мақомоти додситонӣ алайҳи 45 нафар парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки мудири анбори бемористони ноҳияи Конибодом 15 адад либоси ҳифозатии пизишкиро аз як созмони хайрия ба маблағи 120 сомонӣ харидорӣ карда ва ҳар як аз ин лавозимро ба қимат 250 сомонӣ фурӯхтааст.

Ҳамчунин як сокини шаҳри Исфара иқдом ба таҳияи 5 ҳазору 600 адад қуттӣ бо маводи зиддиуфунӣ карда ва аз ин ҳисоб маблағи 4 ҳазору 320 сомонӣ ба ҷайб задааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз масъулони вилояти Суғд дархост кардааст, ки назорат бар тақсими таҷҳизот ва лавозими пизишкии воридшуда аз хориҷро ташдид кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи чанд тарҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чанд рӯзе аст, ки дар вилояти Суғд ба сар мебарад.

 

 

 

Барчасп