Шиносоии 50 мавриди ҷадиди “ковид -19” дар Тоҷикистон
Дар 24 соати гузашта 50 мавриди ҷадиди “ковид -19” дар Тоҷикистон ба сабт расидааст.
Ба гузориши сомонаи иттилоърасонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 рӯзи ҷумъаи 3 июли 2020 теъдоди фавтшудагон аз бемории “ковид -19” бидуни афзоиш, ҳамон 52 нафари қабл эълом шудааст.
Аз 30 апрел то 3 июли 2020 теъдоди мубталоён ба “ковид -19” дар ин Тоҷикистон ба шаш ҳазору 762 нафар расидааст ва то кунун чаҳор ҳазору 762 нафар (80%) аз ин беморӣ дармон шудаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин гузориш додааст, ки 216 нафар дар 24 соати гузашта ба гумони мубтало шудан ба “ковид -19” таҳти назорати пизишкӣ будаанд ва 72 нафар низ пас аз мудово мураххас шудаанд.