Пешбиниҳои коршиносон аз интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон
Коршиносони масоили сиёсии Тоҷикистон пешбиниҳои мухталифе дар бораи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар доранд.
Ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Миёна, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон силсиладидорҳои худро аз манотиқи Тоҷикистон идома медиҳад.
Ҳафтаи гузашта вай аз минтақаи Суғд боздид кард. Пеш аз ин низ аз минтақаи Хатлон боздид карда буд. Дар дастури кори ӯ сафар ба минтақаи Бадахшон аст. Тибқи ахбори расмӣ, ин саафарҳо дар ҳоли иҷро аст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба наздик шудан ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ, мумкин аст ин маворид қобили таваҷҷӯҳ бошад.
Бештари коршиносон раисҷумҳури феълиро ба унвони аслитарин муддаӣ барои интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон медонанд, аммо коршиносони сиёсӣ ин воқеиятро низ рад намекунанд, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ё баъд аз он, мумкин аст бо сенарияҳои мухталифи тавсиаи сиёсӣ рӯбарӯ шаванд.
Абдулмалик Қадиров, коршиноси сиёсии мустақил мӯътақид аст: Интихоботи раёсатҷумҳурӣ бидуни рақобати сиёсӣ баргузор мешавад. Бинобар ин, набояд интизори тағйирот дошт.
Вай гуфт: Ду гузина вуҷуд дорад. Ё Раҳмон худ дар интихобот ширкат мекунад ё фарзанди худро муаррифӣ хоҳад кард.
Абдулмалик Қадиров, коршиноси масоили сиёсии мустақил афзуд: Ба далели мамнӯияти фаъолиятҳои ҳизбҳои мухталиф ва надоштани шароити молии муносиб барои ҳизбҳои рақиби ҳизби ҳокими давлат, монанди ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон, ҳеҷ довталаби рақибе дар интихобот наметавонад ширкат кунад.