Ифтитоҳи дафтари намояндагии Муассисаи тавсиаи мудирияти Сингапур дар Душанбе
Июл 04, 2020 10:49 Asia/Dushanbe
Дафтари намояндагии Муассисаи тавсиаи мудирияти Сингапур барои омӯзиши ҳотелдорӣ ва гардишгарӣ дар Душанбе ифтитоҳ шуд.
Ба нақл аз хадамоти матбуотии шаҳрдории Душанбе, тафоҳумномаи байни мақомоти шаҳрдории Душанбе ва масъулони Муассисаи тавсиаи мудирияти Сингапур барои фтитоҳи дафтари намояндагии муассиса дар шаҳри Душанбе имзо шуд.
Барои аввалин бор, мутахассисон дар ин муассиса дар бораи "мудирияти саноатӣ", "гардишгарӣ" ва ҳамчунин "фанноварӣ ва амнияти иттилоот" омӯзиш мебинанд ва мадорики байналмилалӣ дарёфт мекунанд.
Ин давраҳои омӯзишӣ фақат ба забони англисӣ аст.