Имзои Раҳмон бар қонуни ташдиди муҷозот барои интишори ахбори ғайри расмии корона
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон қонуни ин кишварро дар бораи таъйини ҷаримаи молӣ барои интишори ахбори ғайри расмии корона имзо кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шанбе қонуни дар ҳар ду маҷлиси Тоҷикистон тасвибшудаи таъйини ҷаримаи молӣ барои интишори ахбори ғайри расмии корона аз сӯи манобеи ғайри расмиро имзо кард.
Бар асоси ин қонун мизони ҷаримаи молӣ барои ашхоси ҳақиқӣ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки омори мутафовит аз бемории КОВИД-19 бо омори расмиро мунташир мекунанд 580 сомонӣ (баробар бо 56 доллар) ва барои ашхоси ҳуқуқӣ 11 ҳазору 600 сомонӣ (баробар бо ҳазору 128 доллар) таъйин шудааст.
Ҳамчунин бар асоси банди дигаре аз ин қонун барои афроде, ки дар маконҳои умумӣ бидуни доштани ниқоби тиббӣ ҳозир мешаванд ҷаримаи молӣ ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ таъйин шудааст.
Ин қонун бо интиқоди шадиди созмонҳои байналмиллалии дидбони ҳуқуқи башар ва маҳфилҳои рӯзноманигории Тоҷикистон рӯбарӯ шуда буд.
Намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон пеш аз ин аз раиси ҷумҳур хоста буданд аз имзои ин қонун худдорӣ кунад.