Июл 05, 2020 12:25 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии фаъолияти Тоҷикистон дар мубориза бо густариши вируси корона

Масъули Ситоди ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар нишасти муштараки намояндаи комиссарияи олии Созмони Миллали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гузорише аз тадбирҳои Душанбе барои муқобила бо вируси корона ироа кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ин нишаст, ки аз тариқи видеоконфронс баргузор шуд масъулони Ситоди ҳуқуқи инсони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндаи комиссарияи олии Созмони Миллали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар дар минтақа дар бораи барномаҳои ин ҷумҳуриҳо барои муқобила бо густариши вируси корона баҳс ва табодули назар карданд.

Умед Бобозода- масъули Ситоди ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт: Ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон барои шиносоӣ, дармон ва карантини афроди мубтало ба КОВИД-19, таъмини ниёзи таҷҳизотии бемористонҳо ва кумак ба қишрҳои осебпазир барномаҳои зиёдеро иҷро кардааст.

Вай афзуд: Ба далели фаъолияти шабонарӯзии марказҳои дармонӣ, Тоҷикистон муваффақ шуд аз густариши ин беморӣ ҷилавгирӣ кунад ва вазъият таҳти контрол мебошад.

Ширкаткунандагон дар ин конфронс тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз густариши КОВИД-19-ро мусбат арзёбӣ карданд.

Онон барои истифода аз таҷрибаҳои Тоҷикистон дар заминаи муқобила бо густариши вируси корона ибрози омодагӣ кардаанд.

 

Барчасп