Кӯмаки 30 миллион долларии Бонки тавсеаи Осиё ба Тоҷикистон
Июл 06, 2020 18:27 Asia/Dushanbe
Бонки тавсеаи Осиё 30 миллион доллар барои афзоиши кайфияти омӯзиш ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Ховар, ин кӯмак бо ҳадафи иртиқои омӯзиши ҷавонон, занон ва муҳоҷирони коргар дар Тоҷикистон ва иштиғолу дастмузди онҳо ба ин кишвар пардохт мешавад.
"Ҷопон инчунин аз Хазинаи Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба Тоҷикистон 1 миллиону 500 ҳазор доллар кӯмак мекунад" гуфт Эко Ки Исава, сардори шӯъбаи идоракунии бахши иҷтимоӣ дар Бонки тавсеаи Осиё. Вай афзуд, ки ин маблағ барои кумак ба хадамоти муҳоҷиратӣ дар Хуҷанд ва Бохтар сарф хоҳад шуд. Бонки тавсеаи Осиё бо Тоҷикистон аз соли 1998 инҷониб ҳамкорӣ дорад.