Июл 07, 2020 09:16 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши тавлиди семент дар Тоҷикистон тайи 5 моҳи соли равон

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз коҳиши тавлиди семент дар ин кишвар тайи 5 моҳи нахусти соли равон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, тайи 5 моҳи соли равон дар ин кишвар 1 миллиону 500 ҳазор тонна семент тавлид шуд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ҳудуди 49 ҳазор тонна (3 дарсад) камтар будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 2015 тавлиди семент ҳамвора афзоиш доштааст.

Ҳамчунин дар 5 моҳи нахусти имсол Тоҷикистон 500 ҳзор тонна семент ба арзиши 20 миллиону 500 ҳазор доллар ба кишварҳои Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир кард.

Дар соли 2019 низ 4 миллион тонна семент дар Тоҷикистон тавлид шуд, ки ҳудуди 400  ҳазор тонна бештар аз соли 2018 буд.