Сохти 68 мактаб дар 4 соли оянда бо кумаки ниҳодҳои молӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55199-Сохти_68_мактаб_дар_4_соли_оянда_бо_кумаки_ниҳодҳои_молӣ
68 мактаб дар чаҳор соли оянда бо ҳазинаи ниҳодҳои молии байналмиллалӣ дар Тоҷикистон сохта мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 07, 2020 06:30 Asia/Dushanbe
  • Сохти 68 мактаб дар 4 соли оянда бо кумаки ниҳодҳои молӣ

68 мактаб дар чаҳор соли оянда бо ҳазинаи ниҳодҳои молии байналмиллалӣ дар Тоҷикистон сохта мешавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Авеста, барои сохти ин теъдод маркази омӯзишӣ қарор аст 40 миллион доллар ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ва 6 миллион доллар низ Тоҷикистон ихтисос диҳад.

Илова бар ин теъдод мактаб, 5 сохтмони идорӣ ва омӯзишӣ низ бо ин буҷет сохта хоҳад шуд.

30 миллион доллар Бонки рушди исломӣ ва Бонки рушди байни амрикоӣ ва Созмони ҳамкории ҷаҳонӣ дар заминаи омӯзиш низ 10 миллион доллар барои сохти ин тарҳҳо кумак мекунанд.

Ин мактабҳо дар минтақаҳои Душанбе, Турсунзода, Кӯлоб, Балҷувон ва Темурмалик сохта мешавад.