Хисорати шуйюи корона ба иқтисоди Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55203-Хисорати_шуйюи_корона_ба_иқтисоди_Тоҷикистон
Мизони даромадҳои ирсолӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба далели шуйюи корона 50 дарсад коҳиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 07, 2020 08:56 Asia/Dushanbe
  • Хисорати шуйюи корона ба иқтисоди Тоҷикистон

Мизони даромадҳои ирсолӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба далели шуйюи корона 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Миёна, шуйюи бемории корона хисоратҳои зиёде ба иқтисоди Тоҷикистон ворид кардааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи март эълом кард, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта, нақлу интиқолоти пул 80 миллион доллар камтар шудааст, ин дар ҳоле аст, ки даромади ҳудуди ниме аз хонаводаҳои тоҷик ба маблағҳои ирсолии коргарони муҳоҷир дар кишварҳои дигар ба хусус Русия бастагӣ дорад.

Баҳром Шарифов- коршиноси тоҷик гуфт: Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, иқтисоди Тоҷикистон имсол дучори рукуд мешавад, мутобиқи пешбиниҳо мизони рукуд дар кишвар 2 дарсад хоҳад буд,бо ин ҳол, Вазорати иқтисоди кишвар бо ин пешбинӣ мувофиқ нест ва эълом мекунад, ки рушди иқтисодии Тоҷикистон имсол 5 дарсад хоҳад буд.

Ӯ афзуд: Тибқи оморҳои расмӣ, мизони воридот ва содироти Тоҷикистон дар моҳи май коҳиш ёфтааст, бар асоси иттилооти Ожонси омори Тоҷикистон арзиши содироти Тоҷикистон фақат  40 миллион доллар буда, ки 56 дарсад камтар аз муддати мушобеҳи соли гузаштааст, ҳамчунин Тоҷикистон 195 миллион доллар ҳам колоҳои мухталиф ворид карда, ки ин рақам низ 32 дарсад камтар аз соли гузашта мебошад.

Коршиносони иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ хисорати шуйюи бемории корона ба иқтисоди Тоҷикистонро 600 миллион доллар тахмин заданд.