Таваққуфи нашри коғазии рӯзномаи "Вечёрка" дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55206-Таваққуфи_нашри_коғазии_рӯзномаи_Вечёрка_дар_Тоҷикистон
Масъулони рӯзномаи "Вечёрка" оз аввали июл чопи коғазиро қатъ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 07, 2020 09:29 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи нашри коғазии рӯзномаи

Масъулони рӯзномаи "Вечёрка" оз аввали июл чопи коғазиро қатъ карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Гулнора Амиршоева- сармуҳаррири рӯзнома гуфт: Мо ба самти нашри рақамӣ (диҷитал) меравем, ҳеҷ кас наметавонад дар баробари ин тағйир муқовимат кунад.

Ӯ афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба маҷозӣ шудани бештари хариду фурушҳо, вебгоҳи рӯзнома низ мухотаби хубе доштааст.

Гулнора Амиршоева, сармуҳаррири рӯзнома афзуд: Дар ҳоли ҳозир тарҳҳои мухталифи маҷозӣ ба сурати онлайн дар ин муассиса иҷро мешавад.

Вай  гуфт: Бо тавсеаи технологӣ мардум тамоми иттилоот ва ахбори мавриди ниёз худро фақат аз тариқи телефонҳои ҳушманд (смартфон) дарёфт мекунанд ва ин фазои муносибе барои матбуот аст.

Ӯ муътақид аст, ки тавсеаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои маҷозӣ ояндаи чопи коғазии нашриёт дар Тоҷикистонро номаълум кардааст.

Рӯзномаи русизабони Вечёрка аз соли 2011 мунташир мешавад ва масоили иқтисодиро баррасӣ мекунад.