Июл 07, 2020 18:13 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 70 бемори Ковид-19 миёни тоҷикҳои бозгашта аз Ӯзбакистон ва Қазоқистон

Аз байни 775 шаҳрванди Тоҷикистон, ки 3 июл аз Ӯзбакистон ва Қазоқистон ба вилояти Суғд интиқол ёфтаанд, 70 мавриди мубтало бо Қовид- 19 шиносоӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс , акнун ин афрод дар бемористони шаҳри Хуҷанд бистарӣ шуда ва таҳти дармон  қарор гирифтаанд .
Гуфта мешавад ки 22 нафар аз ин афрод  сокини вилояти Суғду бақия аз вилояти Хатлон мебошанд, ки ду тан аз онон ба далели вахим будани авзоъшон дар бахши муроқибатҳои вижа бистарӣ шудаанд .
Ин 775 табаъаи Тоҷикистон, ки коргарони муҳоҷиру аъзои  хониводаҳои онон ҳастанд дар Русия ва Қазоқистон ба далели густариши вируси корона бекор шуда буданд .
Ин коргарони муҳоҷир бо мусоидати Созмони Байналмилалии муҳоҷиратӣ пас аз муддате банд  мондан дар марзи муштараки Ӯзбакистону Қазоқистон бо автобус ба вилояти Суғд мунтақил шуданд, ки байни онон 40 кӯдак низ ҳузур доранд .