Июл 07, 2020 18:29 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи зиндони махсуси террористҳо дар Тоҷикистон то ду моҳи дигар

Раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон ифтитоҳи як зиндони махсусро барои нигаҳдории аъзои гурӯҳҳои террористии маҳкумшуда то ду моҳи дигар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик , Мансурҷон Умаров гуфта аст, ки зиндони ҷадид дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат дар 20 километрии шарқи шаҳри Душанбе дар ҳоли сохт асту то ду моҳи дигар  ифтитоҳ хоҳад шуд . Вай таъкид кардааст, ки пас аз ифтитоҳи ин зиндон тамоми  аъзои  гурӯҳҳои террористии маҳкум шуда ба ин макон  мунтақил хоҳанд шуд ва амалан зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе тахлия мешавад .Ба гуфтаи Раиси созмони зиндонҳои Тоҷикистон  зиндони вижа  нигаҳдории аъзоии гурӯҳҳои террористии маҳкумшуда бар асоси стандартҳои байналмилалӣ бо ҳамкории ин ниҳод бо созмонҳои хориҷӣ тарроҳӣ шуда ва дар ҳоли такмил шудан аст . Дар Тоҷикистон  19 марказ дар ихтиёри Созмони зиндонҳои ин кишвар қарор дорад,  ки 13 макон барои гузарондани давраи маҳкумият ва шаш марказ низ боздоштгоҳҳои муваққат мебошанд .

Барчасп