Дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон аз нигоҳи андешкдаи русӣ
Коршиносони Маркази пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба Вазорати умури хориҷаи Русия дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистонро ногувор арзёбӣ кардаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, Баҳрӣ Баҳриев- корманди Донишгоҳи равобити байналмиллалии Русия вобаста ба Вазорати умури хориҷаи ин кишвар муътақид аст, ки ба далели вобастагии зиёд ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ, таъсири буҳрони бархоста аз густариши вируси корона ба иқтисоди Тоҷикистон ногувор хоҳад буд.
Ба эътиқоди вай буҷети ҳукумат таҳти фишори шадид қарор гирифта қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш мебошад ва вазъи тиҷорати хурду миёна бадтар хоҳад шуд он ҳам дар ҳоле, ки соли 2019 низ наздик ба 260 ҳазор фаъоли бахши хусусӣ аз кор даст кашида буданд.
Баҳриев мегӯяд: Идомаи ин вазъ иҷрои барномаи миллии рушди роҳбурдии Тоҷикистон то соли 2030-ро, ки бо ҷазби 118 миллиард доллар амалисозӣ мешуд, амалан ғайримумкин месозад.
Дар гузориши коршиносони маркази пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба Вазорати умури хориҷаи Русия, ки дар шаҳри Қазон рӯнамои шуд таъкид шудааст, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд камтар тавсеаёфтатарин кишвар ба ҳисоб меояд.
Бар асоси ин гузориш дар соли 2019 ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон ҳафт миллиарду 900 миллион доллар буд, ки саҳми саронаи ҷамъияти ин кишвар 840 доллар эълом шудааст.