Шиносоии 49 бемори мубтало ба корона дар Тоҷикистон ва фавти як нафар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55252-Шиносоии_49_бемори_мубтало_ба_корона_дар_Тоҷикистон_ва_фавти_як_нафар
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар 24 соати гузашта 49 бемори нав аз вируси корона шиносоӣ шуданд ва як нафар ҳам бар асари ин беморӣ фавт кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 08, 2020 15:27 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 49 бемори мубтало ба корона дар Тоҷикистон ва фавти як нафар

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар 24 соати гузашта 49 бемори нав аз вируси корона шиносоӣ шуданд ва як нафар ҳам бар асари ин беморӣ фавт кард.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 чаҳоршанбеи ҳаштуми июли 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории “Ковид – 19” дар ин кишвар бо як маврид афзоиш, ба 54 нафар расид.

Аз 30 апрел то ҳаштуми июл теъдоди мубталоён ба “Ковид -19” дар Тоҷикистон ба шаш ҳазору 364 нафар расид, ки то кунун панҷ ҳазору 11 нафар ( 78.7 дарсад) аз ин беморӣ дармон шуданд.