Октябр 06, 2016 13:26 Asia/Dushanbe
  • Қанди форсӣ

Барои иштирок дар озмӯни бахшида ба "Рӯзи забони тоҷикӣ"

Дар осмон абрҳои сиёҳ шино мекарданд. Қар–қари селаи зоғон ба қалби қисме аз сокинони шаҳрак воҳима меоварду қисми дигаре ба он бовар буданд, ки барф меборад.

Аз интизории марг дар хона хаста  шудам. Ягона роҳи наҷотамро дар байни бачаҳо медидам.

Ба роҳ баромадам. Шамоли тирамоҳӣ сару рӯямро мехарошид, вале ба рағми сардӣ  дар шитоб будам. Ба мактаби марказии ноҳия, ки дар он таълим ба забонҳои  русӣ ва узбакӣ буд, расидам. Ба ман гуфтанд, ки директори мактаб ба вилояти Варонежи Русия рафтааст ва ба ҷояш бародараш Сергей Карягин муввақатан кор мекунад.

Баъди чанде вориди дафтари кории иҷрокунандаи вазифаи директори мактаб Сергей Карягин шудам. Ӯ ҷавони тақрибан 35 сола буд. Баъди салому алейк ӯ мақсади ба ин ҷо омаданамро пурсон шуд.

- Ҳозир қисме аз ояндаи ин кишвар нигарон ҳастанд ва мегӯянд, ки Тоҷикистон размоишгоҳи абарқудратҳо мешавад. Мана, рафтани русзабонҳо бомаром идома дорад.  Соатҳои дарсиамон зиёд аст. Шарифмоҳ Кишваровна, муаллимаи забони тоҷикӣ дар синфҳои русӣ аз моҳи сентябр боз гуреза аст. Дарси «Таърихи Тоҷикистон» дар синфҳои болоии русӣ холӣ мондааст. Муаллим намерасад.

Ӯ аз дафтари кориаш баромаду баъди якчанд дақиқа бо муаллимаи гандумгуни миёнақаде бозпас шуд.

-Шинос шавед, Малика Рустамовна мудири қисми илмӣ

Сӯҳбати мо бо Малика Рустамовна бо забони тоҷикӣ сурат гирифт. Баъди гирифтани  аризаам, муаллима дар ҷадвал дарсҳои забони тоҷикӣ дар синфҳои русиро ҷой дод ва гуфт:

-Шумо аз пагоҳ ба кор шуруъ кунед! Бачаҳо бекор намонанд. Аз ҳамин рӯз фармонатонро ба имзо мерасонем.

-Кош ҳамавақт корам ҳамин хел барор мекард-  аз дил гузаронидаму он рӯзҳои  гурезагӣ зораю тавалоям дар назди якчанд директорони мактабҳои « ҳамшаҳриёнам»  пеши назар омаду нафратам нисбаташон дучанд афзуд

Бароям бо омӯзгорону кормандони мактаби дузабона кор кардан хуш буд. Чи тавре, ки  ман онҳоро хуш қабул доштам, онҳо низ маро чун азизи худ қабул карданд ва фориғ аз дарс ба бозии волейбол мебурданд.

Кӯзапӯшт

Дар ин мактаб таваҷҷуҳи маро аз ҳама беш марди 60 солаи кӯзапӯшт Суюн, ки ба қаҳрамони асари Гюго «Ибодатгоҳи  Модархудои Париж» Квазимода шабоҳат дошт ба худ мекашид. Ӯ беш аз 30 сол аз фанни математика дарс гуфта буду шогирдонаш аз мӯи сараш бамаротиб зиёд будаанд. Қадаш паст бошад ҳам ҷуздонаш бузург буду боре ҳам бидуни ҷуздон ба роҳ намебаромад.

Аҷабо, дар ҷуздонаш чӣ дошта бошад, меандешидам худ ба худ. Дар муаллимхона чашмам ба Суюн афтод, ки ҷуздонашро мекушод. Ман зуд ба наздаш рафтаму чашм ба хазинааш духтам. Ҷуздон пур аз рӯзномаю маҷаллаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбакӣ буд. Ӯ рӯзномаеро бо забони тоҷикӣ аз ҷуздонаш бароварду ба мутолеа шуруъ кард ва якбора таъбаш хира шуд.

-Муаллими тоҷикӣ, инҷо биё! Ман то ҳамин солҳои 90 –ум  газетаҳои тоҷикиро мехондам, мефаҳмидам. Ҳозир мехонам, як қисм калимаҳояшро намефаҳмам. Журналистҳо девона шудаанд, девона! Ин калимаҳоро аз куҷо фикр карда баромадаанд… Мана, ин ҷо навиштаанд, ки ҳамаи молу амволи беморхонаро ба яғмо бурдаанд. Яғмояш дар куҷо бошад? Ин падарлаънати яғмо кай пур мешудааст- а?   Якчанд сол пеш худораҳматии Аҳмад Бобоқулуф «Республикаи ман» гуфта суруд мехонд, ягон гап набуд. Ҳоло бошад ба ҷойи калимаи зебои «республика», «ҷумҳурӣ»  менависанд, район буд, акнун ноҳия мегӯянд.

Муаллим Суюн носкадуяшро бароварда ба қавли худаш як носро каппа карду аз дасти ман сахт дошта истод. Ин маънои онро дошт, ки кайфи носро гирад, суханашро идома медиҳад. Ӯ аз як варақи дафтар кулок рост карда дар он носашро туф карда ба қуттии ахлотпарто ҳаво доду суханашро идома бахшид:

-Муаллимҷон ба ман гӯй, ки ҳамин «симо» гуфтанда одамон изо намекашанд?

-Чаро?  Симо -  шакл, намуд  гуфтани гап, ягон ҷои айб надорад.

- Росташро гуям дар забони ман пеш аз гуфтани калимаи «симо», калимаи мансуб ба пеши бари занакҳо меояд.

Мана, «Яғмо» хайр навис охир, ки яғмо дар куҷо ҳаст?

Яғмо дар ягон ҷой нест. Маънои калимаи яғмо дуздӣ аст. Ба яғмо бурдаанд, яъне дуздиданд.

ҳ – ваҳ, ин хел бошад ин дуздҳои силоҳбадаст мардуми бечораро лой молиданд гӯед.

Муаллим Суюн бо хондани калимаҳои тоҷикии барояш нофаҳмо сахт асабонӣ мешуд ва аз ман хоҳиш мекард, ки маънои калимаҳои ба қавлаш навбаромади тоҷикиро бифаҳмонам.

Гапи мард

Аҷабо, қабл аз он, ки Суюн ба дарс дарояд, маро пайдо мекард, дастамро сахт мефишурд, аз ҳолу аҳволи худам ҳамсару фарзандонам мепурсид ва дар охир таъкид мекард, ки агар хизмате пайдо шавад, бигуям ӯ ҳатман иҷро мекунад.

То ҷое метавонистам калимаҳои нави пайдо намудаи Суюнро ба амсоли тайора, чархбол, бодхон, ҷевон ваҳою казо шарҳ медодам.

Ҷонишини директор оид ба таълим Малика Рустамовна аз суолҳои додаи муаллим Суюн гоҳ завқ мебурду ҳангоми асабонишавияш ӯро тассали медод, ки базудӣ ба ҳамаи ин навгониҳо одат мекунад.

Боре зимни суҳбат Суюн гуфт, ки агар дар Тоҷикистон тинҷӣ нашаваду фаҳмидани забони тоҷикӣ барояш душвор гардад, бо ҳамсараш ба Русия меравад. Малика ба ӯ як нигоҳи суоломезе намуду гуфт:

-Суюн фаромӯш накун, ки мусалмон зоида шудаӣ ва замоне падару модарат дар гӯшат азон дода будаанд… Суюн ба фикр фурӯ рафту маро мароқи фаҳмидани вазъи оилавии  дӯстам ором намегузошт.

Мехостам донам, ки ба ин кӯзапӯшти носӣ чи тавр зебосанами рус зиндагӣ мекарда бошад. Тоқатам тоқ шуду аз муаллимаи биология аппаи Чинигул пурсон шудам. Ӯ дар ҷавоб гуфт: - Ҳа, фаҳмо! Суюн туро сахт ҳурмат мекунад. Ӯ се духтарашро ба шавҳар дод. Онҳо дар Русия зиндагӣ мекунанд. Ягона писарашро хононд. Маълумоташ олӣ, ҳукуқшинос. Афсус, ҳоло дар сари бозор мӯзадӯзӣ мекунаду баъди кор ба дараҷае менӯшад, ки ҳамсояҳо ӯро кашолакунон ба хонааш мебаранд. Майзада, обурӯи модараш ва падарашро дар замин задааст.

Исто, ҳамсари ҷӯраат Ничаева Нина Никалаевна, раиси Иттифоқи касабаи ноҳия. Ба Суюн гӯй дар як рӯз ордери хонаатро медиҳад.

Ҳангоми вохӯрии навбатӣ ба Кӯзапӯшт арз кардам, ки дар як хонаи бесоҳиб, ки соҳибаш рус будаву ба Русия рафтааст, бе ордер зиндагӣ дорам.

Ӯ ба дафтари кории директори мактаб даромаду баъди якчанд дақиқа баромада гуфт:

-Ба ҳукумати ноҳия рав дар сеюм ошёна туро интизоранд.

Зуд худро ба ҳукумати ноҳия расонидам. Ҳангоми баромадан ба ошёнаи сеюм дар рӯ ба рӯям хонуми русзабонеро дидам, ки дар зебогӣ ҳамто надошт.

-Давлат Аброрович, приятно познакомиться с Вами. Я жена Суюна, Нина Николаевна!

Аз суханони ин бону гармии модарона меомад. Худи ҳамон рӯз дар ҳамкорӣ бо раиси Иттифоқи касабаи мактаб ҳуҷҷатҳо омода шудаанд. Рӯзи дигар  ҳамсари ҷӯраам Нина Николаевна ботантана ордери хонаро ба дастам дод. Ба дӯстам Суюн изҳори миннатдорӣ намудам ва гуфтам, ки ҳеҷ бовар надоштам, ки гапи ту барои Нина Николаена ҳукми қонунро дорад. Суюн як лабханд карду гуфт:

 -Мо мардак –да, гапамон мегузарад.

Чуноне, ки баъдан огаҳӣ ёфтам, Нина Николаевна, ки солҳо дар ҳасрати фарзанд буд, баъди бо Суюн шинос шуданаш соҳиби се духтар ва як писар шудааст. Ӯ худро хушбахт меҳисобид ва медонист, ки духтаронаш дар ҳеҷ сурат ӯро якаву танҳо намегузоранд. Суюн ифтихори шарқиёна дошт ва дар хонаи домод зистанро намеписандид.  Ягона умедаш писараш буд, вале афсус.

Аз он рӯзе, ки писари Суюн менушида дар кӯчаҳо хоб мерафт, ӯ майнӯшон он тараф истад, майфурӯшонро нафрат мекард. Барои ором гаштани асабҳояш кадуи носро базонӯяш мезад, гоҳ ба сараш  метакиду сипас онро ба кафи дасташ рехта мечокид

Суханони Малика мисли корд ҷигарашро мебуриданд. Ӯ медонист, ки суханони Малика талх ҳам бошанд, ҳақиқатанд, ки аз онҳо ҷои фирор надорад. "Ҳангоми зоиданаш дар гӯшаш азон доданд, то ки қабл аз он, ки ба хок супорандаш садои азон ба гӯшаш бирасад".

Муаллими форсӣ

Рӯзҳо сипарӣ мешуданд. Ҳангоми тирпарронӣ дарс қатъ мешуд ва бо фарорасии оромӣ бачаҳо ба мактаб меомаданд. Дар бархе аз ҳолатҳо умед ба фардо намонда буд.

Дар ҷадвали дарсҳо дарси форсӣ илова шуд. Муаллими ба тозагӣ ба кор қабулшуда  дар синфҳои узбакӣ  дарси форсӣ мегуфтааст.

Ӯ марди миёнақадӣ гандумгуни мӯйлабдор буд. Баъдан маълум шуд, ки номаш Ӯлуғбек буда, домоди Сироҷиддин Исоев, собиқ котиби якуми райкомпартияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод) мебошад. Сабаби дар ин мактаб кор кардани  Ӯлуғбек ҳамсараш, ки бо мо кор мекард, гаштааст. Дар тарҷумаи ҳоли муаллими форсӣ  омада, ки ӯ зодаи Афғонистон, миллаташ узбак, замони роҳбарии Бабрак Кармал дар Афғонистон ба ҳайси Вазири корҳои дохилии Афғонистон адои вазифа кардааст. Ӯ ҳоло бо модараш дар ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод) зиндагӣ доранд.

Рӯзҳои аввали корӣ Ӯлуғбек дар хонаи муаллимон бештар ба забони узбакӣ сӯҳбат мекард. Боре ҳангоми танаффус дар саҳни ҳавлии мактаб ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ бо  забони форсӣ чунон хушу гуворо ҳарф мезад, ки баъди ду- се рӯзи ҳамсӯҳбат шуданам бо ӯ ҳарфашро пазмон мешудам. Сӯҳбати ман бо Ӯлуғбк бениҳоят ширину гуворо мегузашт. Ӯ ғазалҳои Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва даҳҳо классикони адабиёти тоҷику форсро аз ёд медонист ва дар шарҳи Бедил, Ҳофизу Мавлавӣ беҳамто буд. Бо номи якчанд нафар шоирони замони муосир аз Эрону Тоҷикистон ифтихор дошт.

Ман, ки рӯзҳои аввал шеър мехондаму аз баёни шеъри форсӣ ҳарф мезадам, акнун фаҳмидаам, ки форсӣ чӣ гуна забон  асту барои шиновар шудан дар ин баҳри беканор  мурданивор хонданам даркор аст, вагарна чалласавод мемонам.

Қанди форсӣ

Рӯзҳои сарди зимистон аз сӯҳбати ман бо Ӯлуғбек ба қавле хонаи муаллимон метафсид. Малика зери мизаш китоби Ҳофизу Бедилро бо ҳуруфи кириллӣ варақ мезад, мехост дар ин баҳр, ки номаш форсӣ буд, шино намояд, вале ҳунараш камӣ мекард. Ошкорою зери лаб аз надонистани хатти форсӣ ва сухани форсӣ дар сатҳи зарурӣ афсус мехурд.

Боре Суюн ба сӯҳбати мо гӯш андохт ва тоқаташ тоқ шуду ба Ӯлуғбек дар хусуси забони тоҷикӣ, девонагии журналистон дар матбуоти имрӯзаи тоҷик сӯҳбат кард.  Ӯлуғбек бо забони узбакӣ Суюнро ҳарфҳое гуфт, ки аз сару рӯяш арақ ҷорӣ шуд.  Ҳаминашро фаҳмидам, ки Ӯлуғбек форсиро ба баҳр ташбеҳ медод ва мегуфт, аз ин баҳр забони узбакӣ, озарӣ, гурҷӣ, русӣ баҳра гирифтаанд. Мо аз хоне, ки нон хурдаем,  бо он мебояд ифтихор кард, на туф. Модоме, ки забони форсӣ ҳамаро дорад, ҳоҷат ба республика, район, ручка, столу стулу форточка нест ва набояд бошад. Журналистону  зиёиён мардумро аз қафои худ ба пеш мебаранд, на мисли подабон аз қафои пода мегарданд. Барои зиёии ҳақиқӣ будан, мисли сирка будан зарур аст .

Рӯ ба форсӣ

Акнун Суюн ба маънои зиёии ҳақиқӣ сарфаҳм рафт ва қасд кард, ки умри боқимондаашро сарфи омӯзиши адабиёт мекунад, то ки маззаи қанди форсиро дарк намояд.

Ӯ субҳ ба мактаб меомад ва шом аз мактаб мерафт. Дар ҷуздони Суюн ҷои рӯзномаю маҷаллаҳоро китобҳо иваз мекарданд.

Дар вақти танаффус Ӯлуғбек порчаҳо аз "Маснавии маънави"-и Ҷалолиддини Балхиро мехонд, далел аз Қуръон меоварду шарҳ медод. Суюн бо шунидани суханони Ӯлуғбек дар қатори дигарон гоҳ ба андеша фурӯ мерафту гоҳ ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад.

Мунтазам фарҳанги забони тоҷикиро мутолеа мекард ва мехост, то ба умқи гуфтаҳои бузургони шеъри форсӣ сарфаҳм биравад. Кӯзапӯшт дигар дар хусуси журналистону  калимаҳои нави тоҷикӣ лаб намекушод. Боре аз дӯстам пурсидам, ки чаро ин қадар ба омӯзиши забони тоҷикӣ- форсӣ часпидааст. Ӯ оҳи сарде кашиду гуфт:

-Ин забон забони биҳиштӣ аст. Асрҳо мардум аз ин баҳр баҳра бурдаанду  фарзандонашонро ба роҳи рост ҳидоят кардаанд. Сад афсӯс, ки писарам Тимур дар вақташ аз омӯзишӣ ин хазинаи маънавӣ дар канор монду имрӯз май нӯшида на қадри худашро медонаду на ба қадри ман мерасад. Падар барои писар қиблъа аст, қиблъа

Ашк аз дидагони Суюн мерехт. Хаёл кардам, ки акнун Кӯзапӯшт мисли пештара носро каппа мекунаду дасти  маро сахт медорад. Ӯ бо рӯймолчааш ашконашро пок кард ва гуфт, ки аввалҳо дар чунин лаҳзаҳо қасдашро аз кадуи нос мигирифт, ҳоло бошад, 5 вақт намоз мехонаду дар чунин лаҳзаҳо сабри ҷамилро пеша мекунад.

 -Майзада шудани писарам ин имтиҳони ман аз ҷониби Худованд аст, ки дар ин дунё дар кадом сатҳ қарор мегирам

Ман «Таърихи табари» - ро хондам, таърихи солҳои сиюмро таҳлил карда баромадам ва имрӯз ҳам мебинам, ки абарқудратон хостаанд ва мехоҳанд, моро аз асли хеш дур созанд. Узбаку тоҷик гуфтанӣ гап набудааст. Онҳо як халқанд, ки ба ду забон гап  мезаданд.

Суюн баъди пурра ба худ омаданаш барои тасдиқи фикраш шеъреро аз адабиёти асрҳои 15 -16 бо ду забон тоҷикию узбакӣ қироат кард ва бо ифтихор мегуфт, инро «Ширу шакар» мегӯянд

Кӯзапӯшт дигар бо  муҷҷассамаи Ленин, ки дар маркази ноҳия қомат афрохта буд,  мисли пештара  ифтихор намекард ва ба ҷои ӯ муҷҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дидан мехосст.

(Орзӯи Суюн баъди маргаш амалӣ шуд. Ҷои муҷассамаи Ленинро дар маркази ноҳия  муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ  гирифт.)

Баҳор ва ишқ

Сардиҳои зимистон паси сар шуданд. Бо омадани баҳор садои тиру туфанг аз байн рафт. Умеди мардум ба оянда рӯз то рӯз бештар мешуд, вале куч бастани миллатҳои ғайр ба ватани аҷдодию рафтани мардуми маҳаллӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ идома дошт.

Таъсири баҳор буд ё ҳаваси ёр чашми зебосанаме ба ман буду дидаи ман ҷои дигар. Ӯ бо ҷавонию зебогияш нигоҳ накарда сари роҳамро гирифту маро ба дуроҳаи зиндагӣ кашид.

Аз оилаат ҷудо шав, манам лоиқи ту. Ҳарду кор мекунем ва зиндагиамонро меёбем.

Агар Нина Николаевна дар вақташ кӯзапӯштии Суюнро сарфи назар накарда бошад, ман Гулчеҳраи моҳруро сарфи назар кардаму ба Роза, ки миллаташ сиган буд,  дармондам. Ҳама фикру хаёлам ба Роза Бариева, ки шавҳараш дар 3-4 моҳ як бор ба дидани писараш меомад, банд буд.

Қабл аз он, ки ба дарс дароям. ба назди синфи Роза омада аз роғи дар ба ӯ менигаристаму қалби пуртуғиёнам ором мегирифт. Ҳатто шомгоҳӣ ба он кӯчае гузар мекардам, ки ӯ бо писарчааш ба сайру гашт мебаромад. Бароям кофи буд, ки ӯро дар рӯ ба рӯям бинаму салом бидиҳам.

Форсӣ , мӯсиқӣ ва рақс

Соли хониш ба поён мерасид. Барои дар хотирҳо нақш бастани сол ва раъфи ҳамаи хастагиҳо  омӯзгорони мактаб  шабнишинӣ  доир намуданд. Новобаста аз он, ки маош саривақтӣ пардохт намешуд  ҳар кас  ба қадри доштааш  пухту паз  овард.

Болои мизҳо пур аз хурданӣ буд. Бо хоҳиши Татяна Михайловна, ки ҷонишини илмӣ дар гурӯҳҳои русӣ буд, зери садои мусиқӣ сари ҳар як миз намояндагони миллатҳои гуногун нишастанд.

Ровӣ Надежда Константиновна, ки ҷонишин оиди тарбия буд, ба ҳамаи омӯзгорон барои хуб ҷамъбаст намудани соли таҳсил офарин гуфт ва қисме аз онҳоро бо ифтихорнома сарфароз гардонид.

Дӯстон, дар иншабнишинӣ хурсандӣ кунед, рақс кунед, барои якдигар суханҳои некро дареғ надоред. Мана, бо камоли майл суханро ба Суюн Ҳақбердиевич медиҳам. Марҳаммат!

Кӯзапӯшт аз ҷой бархост. Қадаш аз миз каме болотар буд. Ӯ бо забони русӣ ба онҳое, ки дар ташкили чунин чорабинӣ саҳм гузоштанд, аҳсан гуфту дар идома шеъри Абуабдулло Рӯдакиро қироат кард:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар

 

Суюн шеъри Абуабдулло Рӯдакиро дар тарҷумаи русӣ хонд:

Нет радости в мире, лучше встречи с друзьями.

Нет горечи хуже в сердце от разлуки с хорошими друзьями.

Садои қарсак ба само печид. Нишастагон якдигарро баъди шунидани ин мисраҳои беҳамто ба оғӯш мегирифтанд. Онҳое, ки нияти куч бастан ба давлати Русияро доштанд ва медонистанд, ки ин охирин шабнишинӣ дар мактаб аст, ашк мерехтанд.

Шабнишинӣ идома меёфт. Мардҳо бонувонро ба рақс (валс) даъват мекарданд. Ман дарк мекардам, ки Роза интизор аст, вале  ғайрати ба наздаш рафтану ба рақс даъват карданашро надоштам. Ба зами ин аз гапи мардум метарсидам. Роза кайҳо беғайратии маро пай бурда буд.

Бо Надежда Константиновна то анҷоми мусиқӣ рақсидам ва аз ӯ барои рад накардани хоҳишам изҳори миннатдорӣ намуда ба ҷоям гузаштам.

Ҷаҳон мебояд форсиро шиносад

Надежда Константиновна барои боз ҳам гарм шудани базм сухани навбатиро ба муаллими форсӣ Ӯлуғбек дод. Ҳамагон дар гузашта чикора будани Ӯлуғбекро медонистанд. Ӯ бо забондониаш бахусус тоҷикону узбаконро қоил карда буд. Ӯлуғбек забони русиро намедонист, аз ин лиҳоз муқаддамаи суханрониашро бо забони  форсӣ шурӯъ намуду дар идома ғазалеро аз Ҳофизи Шерозӣ қироат кард. Аз қироати ғазал ва маънои он лаззат бурдам ва чи қадар тавонистам дар қатори дигарон даст задам.

Дар ин лаҳзаҳо садои норозиёнаи Татяна Михайловна, муаллимаи забон ва адабиёти рус ҳамаҷоро фаро гирифт.

Хасан Бегматович, рӯ овард Татяна Михайловна ба муаллими тарбияи ҷисмонӣ, чаро шеъри хондаи Ӯлуғбекро тарҷума намекунед. Чӣ мо ҳуқуқи баҳра гирифтан аз шеъри  форсиро надорем. Ман достони Генрих Гёте «Фирдавсӣ»- ро хонда якҷаҳон баҳра бурдам. Александр Сергеевич Пушкин дар достони «Евгений Онегин» аз сухандонии Саъдӣ ёдрас шудааст

Ҳасан Бегматович зуд аз ҷой бархост ва аз ҳамаи русзабонҳо ӯзрхоҳӣ намуд. Ӯ ба маънои ғазали Ҳофиз дуруст сарфаҳм нарафта бошад ҳам барои баромадан аз ин  вазъият чи суханҳои хушеро, ки дар васфи дӯстию рафоқат медонист, ба ғазали хондаи Ӯлуғбек часпониду ҷонашро аз Татяна Михайловна халос кард

Ӯлуғбек аз тарҷумон  муаллими тарбияи ҷисмонӣ Ҳасан Бегматович норозӣ буд. Ӯ   қиёфаи маро дар байни ҳамкорон меҷӯст, вале ман ҷӯссаамро ба қафо кашидам. Метарсидам, ки агар ғазали Ҳофизро аз нав тарҷума кунам, обу рӯи Ҳасан Бегматович дар назди русзабонҳо коста мешаваду ҷӯрагиам бо ӯ анҷом меёбад.

Навбат ба рақси сафед расид. Хонандаи азиз хуб медонад, ки дар рақси сафеди русӣ (валс) бонувон мардҳоро ба рақс даъват мекунанд.

Ӯ ҷониби ман меомад. Роза аз ҳарвақта дида зеботар буд. Замоне, ки дасташро ҷонибам  дароз кард, чи тавр аз ҷой хестанамро нафаҳмида мондаам. Мӯсиқӣ фораму сокит буд. Баъди ду маротиб чарх задан Роза беихтиёр сарашро болои китфам гузошту чашмонашро пӯшид. Пӯшидани чашмонашро замоне эҳсос кардам, ки мижгонҳои дарозаш ба куртаам расиду қалбам лаҳзае аз тапидан бозмонд. Кош, ин мӯсиқӣ соатҳо, моҳҳо, солҳо идома меёфт.

Замоне, ки шабнишинӣ ба поён  расиду аз Роза  ҷудо шудам, зуд ба назди дӯстам Ӯлуғбек шитофтам. Хостам барои ғазали хондааш сидқан миннатдорӣ намоям, вале ӯ  аз ман сахт ранҷида буд.

-Чаро ғазали Ҳофизро тарҷума накардӣ? Ин ҳолате буд, ки кайфияти ғазали Ҳофиз ба Русия мерафт ва дигарон моро бештару хубтар мешинохтанд. Камбудӣ ва нотавонии мо он аст, ки дороии маънавиямонро ба дигарон дуруст муаррифӣ карда наметавонем.

Ғарбиён дар симои мо дар бештари ҳолатҳо наркаман, нашъаҷалоб, террористро мебинанд. Агар онҳо бо адабиёти форсу тоҷик бештар ва аз наздик шинос мебуданд,  муносибаташон куллан дигар мешуд. Забони форсӣ забони оламшумул аст, танҳо ба оламиён расонидани шукӯҳу ҳашамати он аз ману ту баринҳо вобастагӣ дорад

Ман сахт дар хиҷолат будам, зеро вақтро аз даст дода будам.

Охирсухан

Суюн он чизеро дар зиндагӣ аз даст дода буд, бо баргаштанаш ба асли хеш пайдо намуд. Ӯлуғбек то ба ҳол дар баҳри форсӣ шино дорад. Ӯ талош мекунад, то шарқу ғарб сар пеши форсӣ фурӯд оварда аз маззаи қанди форсӣ баҳравар шаванд. Ман аз Ӯлуғбек қафо монданӣ нестам, зеро то ҳол қандеро мисли форсӣ ширин надидааму дар  ишқе ба мисли ишқи Роза насӯхта.

Давлати Шоҳэътибор, омӯзгори фанни забони русии ДДҚ ба номи Носири  Хусрав