Оғози муҳокимаи муттаҳамони парвандаи Ихвон-ул-муслимин дар додгоҳи олии Тоҷикистон
(last modified Thu, 09 Jul 2020 06:07:43 GMT )
Июл 09, 2020 11:07 Asia/Dushanbe
  • Оғози муҳокимаи муттаҳамони парвандаи Ихвон-ул-муслимин дар додгоҳи олии Тоҷикистон

Муҳокимаи муттаҳамони парвандаи Ихвон-ул-муслимин дар додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз шуд.

Ба нақл аз манбаъҳои хабарӣ дар Тоҷикистон намояндаи Дафтари матбуотии додгоҳ ин хабарро таъйид вале ба иллати маҳрамона будани ҷузиёт аз тавзиҳоти бештар худдори кард.

Бо ин ҳол гуфта мешавад ду табаъаи мисрӣ ҳам дар байни мутаҳамон ҳастанд.

Дар сурати исботи ҳамкории мутаҳамон бо Созмони Ихвон-ул-муслимин 12 сол зиндон дар интизори онҳо хоҳад буд.

Дар январи 2020 мақомоти Тоҷикистон аз боздошти 300 шаҳрванди ин кишвар ва чанд табаъаи кишварҳои дигар ба итиҳоми гаройиш ба Ихвон-ул-муслимин хабар доданд.