Савганди вазирони Тоҷикистон ба раисиҷумҳур қонунӣ шуд
Маҷлиси намояндагон ва миллии Тоҷикистон моҳи гузашта, тарҳи савганди аъзои ҳайати вазирон ва намояндагони ин кишвар ба номи раисиҷумҳур ва мардумро тасвиб карда буданд, ки ин тарҳ имрӯз бо имзои Эмомалӣ Раҳмон ба шакли қонунӣ даромад.
Эмомалӣ Раҳмон тарҳи савганди вазирон ва намояндагони ин кишвар ба раисиҷумҳур ва мардумро, ки 22 июни моҳи гузашта ба тасвиби Маҷлиси намояндагон ва миллӣ расида буд, имзо кард.
Ба гузориши ИРНА, дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки қонунҳои марбут ба ҳукумату парлумон бо мақсади баланд бардоштани масъулияти узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони, аъзои Ҳукумати кишвар ва пешрафти фаъолияти онҳо қабул гардиданд: “Муқаррар шудааст, ки узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумати кишвар шахсе интихоб ё таъин шуда метавонанд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд. Дар навбати худ ба даст овардани шаҳрвандии давлати дигар асос барои қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони ва аъзои Ҳукумат мегардад. Савганди шахсони мазкур ҷиҳати хизмати софдилона ва садоқат ба халқу Ватан ва ба Президенти кишвар ҷузъи асосии меъёри қонунҳои конститутсионии номбударо ташкил медиҳад”.
Ҳамчунин намояндагон бо савганд ёд кардан ба номи мардум ба онҳо ваъда медиҳанд, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсонӣ саҳим бошанд ва дар таҳия ва тасвиби қавонин содиқона ва аз рӯи виҷдон амал мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки коршиносон ба муассир будани чунин савганде чандон хушбин нестанд.
Ин барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон қасам ёд кардани аъзои Ҳукумат ба номи раисиҷумҳур расмӣ мешавад.
Дар гузашта танҳо савганди садоқати нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба номи раисиҷумҳур қонунӣ шуда буд.