Шиносоии 47 бемори мубтало ба корона дар Тоҷикистон ва фавти як нафар
Июл 10, 2020 16:25 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар 24 соати гузашта 47 бемори коронаӣ шиносоӣ шуданд ва як нафар ҳам бар асари ин беморӣ фавт кард.
Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 –и рӯзи ҷумъаи даҳуми июли 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории “Ковид -19” дар ин кишвар бо як маврид афзоиш ба 55 нафар расид.
Аз 30 апрел то даҳуми июл теъдоди мубталоён ба “Ковид -19” дар Тоҷикистон ба шаш ҳазору 457 нафар расид, ки то кунун панҷ ҳазору 115 нафар ( 79 дарсад) аз ин беморӣ дармон шудаанд.