Июл 10, 2020 21:28 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии турбинаи нахусти нерӯгоҳи барқи обии “Норак” то поёни имсол

Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз поёни бозсозии турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Норак” дар моҳи декабр хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ширкати олмонӣ- австрияии ANDRITZ, ки дар муноқисаи байналмилалии бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии “Норак” дар тобистони соли 2018 баранда шуд, иҷрои ин тарҳро дар моҳи марти соли 2019 оғоз кард.

Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки кори таъвизи 9 турбина ва таҷҳизоти асосии нерӯгоҳи барқи обии “Норак”-ро тайи 10 сол анҷом диҳад.

Барои марҳилаи нахусти бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ, ки ба панҷ сол замон ниёз дорад, 350 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд.

Саҳми Бонки Ҷаҳонӣ дар ин тарҳ 225 миллион доллар, Бонки сармоягузории таъсисоти зербиноии Осиё 60 миллион доллар ва кумаки ройгони дигар ниҳодҳои молии минтақаӣ низ 57 миллион доллар аст.

Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” бо 9 турбина ва зарфияти тавлиди се миллиард киловатт соат барқ дар сол, аз 48 соли пеш фаъол аст ва акнун ба бозсозӣ ва таъвизи турбина ва таҷҳизоти асосӣ бо ҳазинаи беш аз 700 миллион доллар ниёз дорад.

 

 

Барчасп