Имзои фармони пардохти кумаки молӣ ба қишрҳои осебпазир дар Тоҷикистон
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастури пардохти кумаки молӣ ба хонаводаҳои осебдида аз густариши вируси коронаро имзо кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки то аввали август рӯйхатти хонаводаҳои дорои шароит барои дарёфти кумаки молии 400 сомониро, ки дар пайи густариши вируси корона ниёз ба ёрӣ доранд, тадвин ва ироа кунад.
Ҳадди ақали ҳуқуқ ва маоши моҳона дар Тоҷикистон 400 сомонӣ аст.
Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки ин кумаки молӣ аз тариқи Амонатбонк пас аз таъйиди Вазорати молияи Тоҷикистон ба кортҳои бонкии ашхоси дорои шароит ворид мегардад ва дар сурати надоштани корт, нақдӣ ба онон пардохт хоҳад шуд.
Ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ва минтақаӣ ба Тоҷикистон барои ҳимоят аз қишрҳои осебпазири ҷомеа дар баробари густариши вируси корона кумакҳои молӣ ироа кардаанд.