Июл 12, 2020 09:06 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди барномаи ислоҳоти низоми зиндонҳои Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи ислоҳот дар низоми зиндонҳои ин кишварро таъйид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Тоҷикистон 750 нафар бо бемории сил ва 218 тан бо бемории СПИД  давраи маҳкумияти худро мегузаронанд.

Дар  ин тарҳ ба чанд мушкили Созмони зиндонҳои Тоҷикистон ишора шудааст, ки аксари зиндонҳои феълии ин кишвар дар солҳои 30 ва 50-и қарни бистум сохта шуда ва ба далели камбуди фазо ва шароити номуносиби беҳдоштӣ барои нигаҳдории даҳҳо ҳазор маҳкумшуда ҷавобгӯ намебошанд.

Танҳо 20 дарсад аз зиндониён аз имкони кор дар ин марокиз бархурдор мебошанд ва коргоҳҳои кучак бо таҷҳизоти фарсуда наметавонад маҳсулоти босифат тавлид кунад.

Ҳамчунин барои нигаҳдории зиндониёне, ки ҳукми абад гирифтаанд имкони вижа вуҷуд надорад ва теъдоди онон дар Тоҷикистон дар солҳои ахир афзоиш меёбад.

Аз сӯи дигар барои ҳар 150 то 200 зиндонӣ дар Тоҷикистон як корманд рост меояд, ки наметавонад ба дурустӣ ба вазифаҳои хеш амал кунад ва ин мушкил муҷиби бурузи ошуб ва даргирӣ дар ин зиндонҳо мешавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ислоҳот дар низоми зиндонҳои Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ мекунанд ва умедворанд ин тарҳ иҷроӣ шавад.

Барчасп