Шиносоии 46 бемори нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон бидуни фавтида
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 46 бемори КОВИД-19 шиносоӣ шуданд ва ҳеҷ мавриди фавтидаи нав сабт нагардидааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 10 субҳи имрӯз душанбе сездаҳуми июли 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории КОВИД-19 дар кишвар бидуни афзоиш ҳамон 55 нафар эълом шудааст.
Ҳамчунин аз 30 апрел то сездаҳуми июл теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба шаш ҳазору 552 нафар расида, ки то кунун панҷ ҳазору 228 нафар (яъне 79. 8 дарсад) аз ин беморӣ дармон шудаанд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар шабонарӯзи ахир 190 нафар ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 дар бемористонҳои Тоҷикистон таҳти дармон қарор дошта ва 52 тан низ пас аз шифо ёфтан рухсат ёфтанд.
Бо ин ҳол як ҳазор нафар низ, ки ба шакли сабук ба бемории КОВИД-19 мубтало шудаанд, дар хонаҳои хеш таҳти назорати пизишкон дармон мешаванд.