Июл 13, 2020 14:54 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қобили таваҷҷуҳи нархи маргу мир дар Тоҷикистон

Вазир адлияи Тоҷикистон аз афзоиши нархи маргу мир дар ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол нисбат ба замони мушобеҳи сол қабл хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Музаффар Ашӯриён имрӯз душанбе дар нишасте хабарӣ гуфт: Дар шаш моҳи нахусти соли равон 18 ҳазору 777 маврид фавт дар асари бемориҳои мухталиф монанди норасоии қалбӣ ва саратонҳо сабт шудааст дар ҳоле, ки дар замони мушобеҳи соли гузашта ин рақам 16 ҳазору 229 нафар буд.

Ба ин тартиб ва бино бар омори вазири адлияи Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол ду ҳазору 548 маврид марг бештар аз соли 2019 дар кишвар сабт шудааст

Ашӯриён дар идома аз коҳиши теъдоди таваллуди ин муддат дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта дар Тоҷикистон хабар дод.

Вай гуфт: Дар шаш моҳи нахусти имсол таваллуди 101 ҳазору 141 навзод дар Тоҷикистон сабт шудааст дар ҳоле, ки ин шохис дар замони мушобеҳи соли гузашта 106 ҳазору 415 нафар эълом шуда буд.

Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт: Дар натиҷаи фаъолияти кормандони дафтарҳои сабти аҳвол дар муддати ёдшуда ба буҷети давлатӣ 4 миллиону 738 ҳазор сомонӣ ворид шуда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта як миллиону 288 ҳазор сомонӣ камтар аст.

 

Барчасп