Июл 13, 2020 19:28 Asia/Dushanbe
  • Содироти 96 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон

Аз оғози имсол то кунун Тоҷикистон ҳудуди 96 ҳазор тонна ба арзиши беш аз 12,65 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир кардааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, ба нақл аз Авесто арзиши ин мизон маҳсулоти кишоварзӣ ҳудуди 12 миллион доллар будааст.

Нигина Анварӣ муовини вазири зироати Тоҷикистон гуфт: содироти маҳсулот дар муқоиса бо муддати мушобеҳ дар соли гузашта, 24 ҳазору 247 тонна (муодили 34 дар сад) бештар шудааст.

У афзуд дар ин муддат 77 ҳазору 621 тонна пиёз, 229 тонна мураккабот, 9 ҳазору 429 тонна анвои меваи фароваришуда ва 418 тонна гелос ба кишварҳои мухталиф содир шуд.