Коҳиши теъдоди талоқ дар Тоҷикистон
Теъдоди талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт.
Ба гузориши радиои бурунмарзии садои Хуросон ба нақл аз Вазорати адлияи Тоҷикистон, Саодатбибӣ Сироҷзода,сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт: Дар шаш моҳаи аввали соли 2020 теъдоди 5486 воқеаи талоқ дар кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Саодатбибӣ Сироҷзода, имсол ин теъдод 570 маврид камтар аз муддати мушобеҳи соли гузашта буд.
Сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон афзуд: Аз ин теъдод се ҳазору 974 воқеаи талоқ бо тасмим ва раъйи додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ва 1490 талоқ низ тавофуқӣ (ба хости ду тараф) будааст.
Вай афзуд: Ҳамчунин сарпарастии 5356 кудаки талоқ низ ба яке аз волидайн супурда шуд.
Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт: Дар 6 моҳи имсол дар минтақаи Суғд 1922 воқеаи талоқ, Хатлон 1930 маврид, минтақаи Бадахшон 80 талоқ, шаҳри Душанбе 930 талоқ ва ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон 1323 воқеаи талоқ сабт шудааст.