Ба таъхир даровардани фаъолияти маркази таҳқиқоти иҷтимоии "Зеркало"-и шаҳри Душанбе
(last modified Tue, 14 Jul 2020 06:13:46 GMT )
Июл 14, 2020 11:13 Asia/Dushanbe
  • Ба таъхир даровардани фаъолияти маркази таҳқиқоти иҷтимоии

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти маркази таҳқиқоти иҷтимоии "Зеркало"-ро ду моҳ ба таъхир даровад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Миёна, ин хабарро Асадулло Ҳакимзода- муовини вазири адлияи Тоҷикистон эълом кард.

Ӯ  дар ҳоле риоят накардани қонунро иллати аслии таътили ин марказ эълом кард, ки мудири марказ ин иттиҳомотро рад мекунад.

Ба гуфтаи вай, ин марказ афродеро бидуни доштани иҷозатнома ва шароити лозим ба кор қабул кардааст.

Муовини вазири адлияи Тоҷикистон афзуд: Ин вазоратхона дар бораи қонуншиканӣ ба маркази "Зеркало", катбӣ тазаккур ва як моҳ барои ислоҳи умур фурсат дод вале ин марказ то кунун ҳеҷ иқдоме дар ин бора анҷом надодааст.

Қаҳрамон  Бақозода, раиси маркази таҳқиқоти иҷтимоии "Зеркало" ҳам гуфт: Вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолияти ин созмонро охирҳои соли гузашта баррасӣ кард.

Вай афзуд: Вазорати адлияи Тоҷикистон ба ин марказ барои ислоҳи вазъият як моҳ фурсат дод, аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки мудири ин марказ ихтиёри комил надорад фақат дар моҳи март гузорише аз рафъи нуқсонҳо ба мақомоти Вазорати адлия ироа шуд, аммо онҳо гуфтанд, ки аз ин марказ ба додгоҳ шикоят карданд.

Ӯ гуфт: Ман фикр мекунам, ки як сӯитафоҳум рух додааст, зеро замони истихдом, ин марказ бо корманд як қарордоди истихдомӣ мебандад ҳатто бо касоне, ки муваққатан машғули кор мешаванд.

Қаҳрамон Бақозода афзуд: Мақомоти Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз соли 2010 фаъолияти марказро назорат мекунанд ва то кунун аз фаъолияти марказ шикояте накарданд.

Муовини вазири адлияи Тоҷикистон таъйид кард, додгоҳ мумкин аст дар мавриди азсаргирии фаъолияти марказ дубора тасмим бигирад.

Маркази таҳқиқоти иҷтимоии "Ойина" ҳдуди 20 сол аст, ки фаъолият мекунад ва коркунони ин маркази таҳқиқотӣ то кунун беш аз 300 тарҳи таҳқиқотиро бо истифода аз равишҳои мухталиф анҷом доданд.

Ба гуфтаи коршиносон, таҳқиқоти маркази таҳқиқоти иҷтимоии "Ойина"-и Зеркало, бар хилофи назарсанҷиҳои созмонҳои тарафдори давлат, баёнгари вазъияти воқеии зиндагии мардуми кишвар аст.

Бархе созмонҳои байналмиллалӣ дар гузоришҳои худ дар мавриди вазъияти Тоҷикистон дар ҳавзаҳои мухталиф ба мутолиоти иҷтимоии маркази Зеркало истинод мекунанд.