Эҳтимоли баста шудани сафорати Тоҷикистон дар Москва ва қарантинаи кормандон
Ба далели Ковид-19 мубтало шудани се нафар аз кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Москва акнун эҳтимоли баста шудани ин ниҳоди дипломатӣ ва қарантинаи кормандони он вуҷуд дорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс , манобеи Сафорати Тоҷикистон дар Русияи гуфтаанд, ки тамомии кормандон озмоиши вируси корона додаанд, ки токунун натиҷаи тести се нафар мусбат эълом шуда ва мунтазири дарёфти натоиҷи бақия мебошанд .Акнун шаҳрдории Маскав хостори ироаи феҳристи афроде шудааст, ки бо ин се корманди мубталошуда ба вируси корона дар тамос будаанд .Шаҳрдории Маскав метавонад Сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Русияро муваққатан бибандаду кормандони онро қарантина кунад .Якчанд рӯз қабл Имомиддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Русия ба теъдоде аз коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик, ки назди сохтмони Сафорат таҷаммуъ карда ва хостори бозгашт ба кишвари хеш буданд гуфта буд, ки се корманди сафорати таби боло доранду таҷаммӯъ дар ин макон ба далели густариши вируси корона хатарнок мебошад .Сатторов ба муҳоҷирони тоҷик гуфта буд бояд мунтазири беҳбудии авзоъ ва фароҳам шудани заминаи парвозҳои бештар барои бозгардондани атбоъи тоҷик аз Русия бошанд .