Июл 14, 2020 19:33 Asia/Dushanbe
  • Додситони кулли Тоҷикистон: тасмими додгоҳи Австрия беэътибор аст

Додситони кулли Тоҷикистон тасмими додгоҳи олии Австрияро дар бораи ғайриқонунӣ эълом кардани истирдоди як узви ҳизби мамнӯъи Наҳзати исломӣ дар Тоҷикистонро беэътибор хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТи Ҷи, Юсуфи Раҳмон дар нишасти рӯзи сешанбеи масъулони додситонии кулли Тоҷикистон бо хабарнигорон дар шаҳр Душанбе гуфт : Қарори Суди олии Австрия дар бораи ғайриқонунии истирдоди Ҳизбуллоҳ Шаҳ Вализода ба Душанбе барои Тоҷикистон  эътибори ҳуқуқӣ надорад."   Ҳизбуллоҳ Шаҳ Вализода  29 солаи узви ҳизби дар Тоҷикистони мамнӯъи Наҳзати исломӣ аст, ки бар асоси тасмими додситонии кули Австрия дар рӯзи чаҳоруми марти гузашта ба Тоҷикистон мунтақил шуд .Додгоҳи олии Тоҷикистони рӯзи 12 июн  пушти дарҳои баста  Шаҳ Вализодаро ба иттиҳоми узвият дар ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистони мамнӯъи Наҳзати исломӣ ба 20 соли зиндон маҳкум кард . Якчанд рӯз қабл додгоҳи олии Австрия бо ғайриқонунӣ хондани истирдоди Шаҳ Вализода ба Тоҷикистон , хостори озодии вай ва бозгашташ ба Австрия шуд .Гуфта мешавад, ки Шаҳ Вализода пас аз ради дархости дарёфти паноҳандагиаш аз Австрия ба иттиҳоми нақзи қонуни иқдомот дар ин кишвар боздошту ба Тоҷикистон истирдод шуд .