Июл 14, 2020 21:13 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи қазоии 73 узви Ихвонул-Муслимин дар Тоҷикистон

Муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон эълом кард 73 узви созмони мамнӯи Ихвонул-Муслимин таҳти пайгирди қазоӣ мебошанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Абдулғаффор Ҳикматуллозода ҳамчунин гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир маҳокимаи 132 узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Ихвонул-Муслимин низ дар додгоҳи олӣ идома дорад.

Ба гуфтаи вай, додгоҳ муҳокимаи ин 132 нафар ба далели маҳрамона будани парвандаи онон пушти пардаҳои баста баргузор мешавад.

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон бори нахуст дар моҳи январи соли 2020 аз шиносоии беш аз 314 нафар ва боздошти 113 тан аз аъзои Ихвонул-Муслимин дар ин кишвар хабар доданд, ки аксари онон устодони забони арабии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои давлатии Тоҷикистон ҳастанд.

Манобеи хабарии мустақил аз ҳузури ду шаҳрванди мисрӣ миёни боздоштшудагон хабар додаанд, ки солҳои зиёд дар Тоҷикистон ба тадриси забони арабӣ машғул буданд.

Фаолияти Ихвонул-Муслимин дар Тоҷикистон ба унвони созмони ифротӣ мамнӯ мебошад.

Дар соли 2016 ба иттиҳоми узвият дар ин гуруҳ 20 нафар аз имомони масжидҳои ҷомеи вилояти Суғд, ки донишомӯхтаҳои донишгоҳи Ал-Азҳари Миср мебошанд, ба се то чаҳор сол зиндон маҳкум шуданд.

Барчасп