Июл 15, 2020 21:25 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми заминхорӣ ба раиси собиқи шаҳи Кӯлоб

Додситони кулли Тоҷикистон эълом кард, парвандаи шаҳрдори собиқи Кӯлоб дар ҳоли баррасӣ аст.

Ба гузориши “Спутник”, иттиҳоми Баҳром Иноятзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб заминхорӣ аст.

Додситони кулли Тоҷикистон ахбори мунташиршуда дар хусуси дахолати шаҳрдори пешини Кӯлоб дар иҳтикору фурӯши маводи ғизоӣ ва дору ва ё тақсими он ба унвони кумакҳои башардӯстона байни мардумро рад кард.

8 июл, кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон шаҳрдори пешини Тоҷикистонро ба иттиҳом фасод боздошт карда буданд.

Иноятзода пас аз эътирофоти Хурсандмурод Хурамов, ронандаи шахсии шаҳрдор ва Фирӯз Қурбонов, раиси умури идории шаҳрдорӣ дастгир шуд. Онҳо ба мақомоти таҳқиқ эълом карданд, ки тибқи дастури шаҳрдори Кӯлоб муртакиби ҷурм шудаанд.