Июл 16, 2020 09:51 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 145 маҳали тиллои обруфтӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон

145 маҳали тиллои обруфти ба тули 900 километр дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон шиносоӣ шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон Илҳомҷон Муҳаммадзода раиси идораи заминшиносии Тоҷикистон гуфт: ин Созмон нақшае аз мизон ва маҳали захоири тиллои обруфтӣ гирдоварӣ кард.

Вай гуфт: ин маконҳои тиллоӣ обруфтӣ дар минтақаҳо ва ноҳияҳои Айни, Бохтар, Ванҷ, Дӯстӣ, Лахш, Мастҷоҳ, Муминобод ва Мурғоб шиносоӣ шудааст. Ба гуфтаи вай, шаҳрвандон метавонанд пас аз дарёфти муҷавиз аз мақомот дар ин манотиқи тилло истихроҷ кунанд.

Муҳаммадзода гуфт: барои афроде, ки қасади истихроҷи тилло аз ин маодинро доранд шароити хосе дар назар гирифта шудааст.

Раиси идораи заминшиносии Тоҷикистон афзӯд: яке аз шароит ин аст, ки таҷҳизоти санатии истихроҷи тилло набояд пештар аз 50 асби бухор қудрат дошта бошад.

Обруфт ба маводи сусте, ки дар рӯдхона ё обҳои ҷорӣ наҳуфта шуааст гуфта мешавад ва ба таври маъмул аз мавод ва зарроти гуногун, аз зарроти резгул ва лой ва хокрас, то зарроти дурӯштар ва сангреза ташкил шудааст.

Гоҳе авқот, обруфтҳо ҳовии сангҳои маъданӣ бо арзиш монанди тилло ва ҷавоҳир ҳастанд.