Боздошти теъдоде аз таҷаммуъкунандагони ноҳияи Хуросон
(last modified Fri, 17 Jul 2020 11:56:43 GMT )
Июл 17, 2020 16:56 Asia/Dushanbe
  • Боздошти теъдоде аз таҷаммуъкунандагони ноҳияи Хуросон

Даҳ нафар аз сокинони ноҳияи Хуросони Тоҷикистон ба далели ширкат дар таҷаммӯи ғайриқонунӣ боздошт шуданд.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Миёна, Абдураҳим Раҳимзода, додситони минтақаи Хатлон гуфт, 10 нафар аз сокинони ноҳия ба далели ширкат дар таҷаммӯи бидуни муҷаввиз ва ихлол дар назми умумӣ боздошт шуданд.

Ӯ гуфт, онҳо қонуни мамнуъ будани ширкат дар таҷаммӯи бидуни муҷаввизро нақз карданду ба ҳамин иллат боздошт шуданд.

Вай ҳамчунин хабари барканории Саидҷон Сафаров, додситони ноҳияи Хуросон ба далели таҷаммӯи эътирозии мардумро рад кард ва афзуд: Сафаров ба идораи дигаре мунтақил шудааст ва ин ҷобаҷоӣ ҳеч иртиботе бо эътирозҳои мардум надоштааст.

Моҳи гузашта дафтари Додситонии кулли Тоҷикистон барои 6 тан аз афроди аслӣ дар таҷаммӯи ноҳияи Хуросон парвандаи қазоӣ ташкил дод. Ҳамчунин 4 муттаҳами дигар боздошт ва ду нафар аз инҳо низ бо қарору васиқа озод шуданд.

Бозрсони дафтари Додситони кулли Тоҷикистон дар ҳоли баррасии парвандаи қазоии муттаҳамон ҳастанд.

Дар сели 14 майи ноҳияи Хуросон ҳудуди 10 хона комилан тахриб ва ба чандин василаи нақлия низ хисорат ворид шуд. Илова бар ин, ҳудуди 50 раъс ҳайвони аҳлӣ талаф шуд. Сокинони ин минтақа бо таҷаммуъ ва масдуд кардани бузургроҳ, хоҳони расидагии масъулон ба мушкилот шуда буданд.