Барқарории парвозҳои вижа аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба Тоҷикистон то поёни июл
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55516-Барқарории_парвозҳои_вижа_аз_шаҳрҳои_мухталифи_Русия_ба_Тоҷикистон_то_поёни_июл
Парвозҳои вижа (чартер) аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба мақсади Тоҷикистон то поёни моҳи июл барқарор аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 17, 2020 18:10 Asia/Dushanbe
  • Барқарории парвозҳои вижа аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба Тоҷикистон то поёни июл

Парвозҳои вижа (чартер) аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба мақсади Тоҷикистон то поёни моҳи июл барқарор аст.

Ба гузориши “Азия плюс”, мақомоти Тоҷикистон эълом карданд,то поёни июл ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ҳар рӯз аз Маскав ба мақсади Душанбе парвоз мекунанд.

Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон эълом карданд то поёни июл ду парвоз аз Санкт- Петербург, 2 парвоз аз Новосибирск, як парвоз аз Екатеринбург, 2 парвоз аз Қазон, 1 парвоз аз Уфа ва 2 парвоз аз Красноярск ба мақсади Душанбе барномарезӣ шудааст.

Ин парвозҳо барои бозгардонидани шаҳрвандони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.