Июл 18, 2020 21:49 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши рушди тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз коҳиши рушди тавлиди нохолиси миллии ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллии кишвар дар шаш моҳи нахусти соли равон ба 32 миллиарду 400 миллион сомонӣ (баробар бо 3 миллиарду 100 миллион доллар) расида, ки рушди 3.5 дарсад ба ҷои 7.5 дарсад барномарезӣ шударо нишон медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон расондани ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллии ин кишвар барои имсол ба мизони 78 миллиарду 200 миллион сомонӣ (баробар бо 7 миллиарду 600 миллион доллар) барномарезӣ карда буд.

Далели кунд шудани суръати рушди тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол густариши вируси корона ва таъсири он ба фаъолияти марказҳои саноатӣ ва тиҷорӣ унвон мешавад.

Ҳамчунин дар шаш моҳи нахусти имсол саҳми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз тавлиди нохолиси миллӣ, 3 ҳазору 477 сомонӣ баробар бо 337 доллар будааст.

Ин шохис дар давраи мушобеҳи соли қабл 360 доллар буд.

Ҷамъияти Тоҷикистон бар асоси эъломи Ожонси давлатии омори ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол беш аз 9 миллиону 300 ҳазор нафар эълом шудааст.

 

Барчасп