Афзоиши дубораи нархи гази моеъ дар Тоҷикистон
Нархи ҳар летр гази моеъ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир бо афзоиши дубора аз чаҳор сомонӣ ҳам гузашт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ду ҳафтаи қабл нархи ҳар летр гази моеъ, ки 70 дарсад худравҳои Тоҷикистон аз он ба унвони сӯзишвории аслӣ истифода мекунанд, ба 3.8 сомонӣ расида буд ва акнун аз чаҳор сомонӣ ҳам фаротар рафтааст.
Дар ҳоли ҳозир нархи як летр гази моеъ дар вилояти Хатлон 4.5 сомонӣ, дар вилояти Суғд 4.2 сомонӣ ва дар шаҳри Душанбе 4.3 сомонӣ таъйин шудааст.
Шариф Толибов, иқтисоддони тоҷик яке аз иллатҳои афзоиши баҳои гази моеъ дар Тоҷикистонро поёни карантин ва афзоиши омаду шуди худравҳо медонад.
Дар замони карантин ва маҳдудиятҳои равуо ба далели густариши вируси корона дар Тоҷикистон нархи як летр гази моеъ 2.5 сомонӣ буд.
Абдулмаҷид Муъминзод- раиси Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон муътақид аст бар асоси баррасии ин ниҳод бояд нархи ҳар летр гази моеъ 3.2 сомонӣ бошад ва ин афзоиши нарх ба таври ҷиддӣ мавриди арзёбӣ қарор хоҳад гирифт.
Соли гузашта Тоҷикистон 430 ҳазор тонна гази моеъ, ҳудуди 180 ҳазор тонна бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тонна маводи дизелӣ аз Русия ва Қазоқистон ворид кард.