Шиносоии 44 бемори нави КОВИД-19 бидуни фавтида дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 44 бемори нави КОВИД-19 бидуни фавтида шиносоӣ шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 10 субҳи рӯзи душанбе бистуми июли 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории КОВИД-19 дар ин кишвар бидуни афзоиш 57 нафар боқӣ мемонад.
Ҳамчунин аз 30 апрел то рӯзи ҳаҷдаҳуми июли 2020 теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 6 ҳазору 878 нафар расида буд, ки то кунун 5 ҳазору 578 нафар аз ин беморӣ дармон шудаанд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар шабонарӯзи ахир 168 нафар ҳам ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 дар бемористонҳои Тоҷикистон таҳти дармон қарор дошта ва 49 тан пас аз беҳбуд ёфтан мураххас шудаанд.
Бо ин ҳол ҳазор нафар низ, ки ба шакли сабуки бемории КОВИД-19 мубтало шудаанд, дар хонаҳои хеш таҳти назорати пизишкон дармон мешаванд.